КҲФ аҳолиро аз обуҳавои номусоид огоҳ мекунад

Бино ба маълумоти обуҳавошиносони ҷумҳурӣ, нимаи дуюми моҳи октябр дар Тоҷикистон обуҳавои номусоид ва боронҳои шадиду пайдарпай дар назар аст. Котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ин робита Кумита ба ситодҳои худ дар минтақаҳои кишвар дастур додааст, ки ҳукумати […]

Аваз Юлдошев



Бино ба маълумоти обуҳавошиносони ҷумҳурӣ, нимаи дуюми моҳи октябр дар Тоҷикистон обуҳавои номусоид ва боронҳои шадиду пайдарпай дар назар аст.

Котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ин робита Кумита ба ситодҳои худ дар минтақаҳои кишвар дастур додааст, ки ҳукумати маҳаллӣ ва аҳолиро дар бораи хатарҳои имконпазири дарпайдоштаи обуҳавои номусоид огоҳ намоянд.

«Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ дархост мекунад, ки бидуни зарурат аз сафар тариқи пайроҳаҳои кӯҳӣ, шикор ва моҳидорӣ дар давоми ин рӯзҳо худдорӣ кунанд», – қайд кард Нозимов.

Ба гуфтаи ӯ, давоми ин давра ситодҳои Кумита дар минтақаҳо ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.