Ихроҷи 12 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз вилояти Хатлон

Шурӯъ аз оғози соли равон 12 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби Раёсати хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон аз қаламрави ин вилоят ихроҷ шуданд. Маҳмудҷон Хоркашев, сардори Раёсати хадамоти муҳоҷирати вилоят ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ 19 адад ҳолати риоя нашудани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон ошкор […]

Сайраҳмон Назриев



Шурӯъ аз оғози соли равон 12 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби Раёсати хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон аз қаламрави ин вилоят ихроҷ шуданд.

Маҳмудҷон Хоркашев, сардори Раёсати хадамоти муҳоҷирати вилоят ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ 19 адад ҳолати риоя нашудани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон ошкор ва нисбати қонуншиканон санадҳо таҳия гардида, онҳо дар ҳаҷми умумии 14,4 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд. «Бар асоси қарори судҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ва Сарбанд 12 нафари онҳо аз қаламрави кишвар хориҷ карда шуданд», – гуфт номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра Раёсати муҳоҷирати вилоят ба 351 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла 276 нафар шаҳрвандони Чин, 44 нафар шаҳрвандони Туркия, 5 нафар шаҳрвандони Афғонистон, 18 нафар шаҳрвандони Эрон, 2 нафарӣ шаҳрвандони Русия, ИМА ва Олмон ва ҳамчунин 1 нафарӣ шаҳрвандон аз Филипин ва Молдова иҷозатнома барои кор додааст.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон дар вилояти Хатлон 43 субъект ба ҷалби муҳоҷирони кории хориҷӣ иҷозатнома дошта, имрӯз дар ин субъектҳо 1 ҳазору 55 нафар шаҳрвандони хориҷӣ машғули коранд, ки 36 нафарашон занон мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.