Мусодираи 70 кило маводи мухаддир дар даромадгоҳи Душанбе

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар даромадгоҳи шаҳри Душанбе 7 халтаро ошкор намуданд, ки дар дохили он 73 бастаи скотчпеч бо маводи мухаддири ҳашиш дарёфт шуда, вазни он 71 кг 656 граммро ташкил дод. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, тафтишоти пешакӣ муайян намудааст, ки моҳи августи соли 2015 шаҳрванди […]

ASIA-Plus



Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар даромадгоҳи шаҳри Душанбе 7 халтаро ошкор намуданд, ки дар дохили он 73 бастаи скотчпеч бо маводи мухаддири ҳашиш дарёфт шуда, вазни он 71 кг 656 граммро ташкил дод.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, тафтишоти пешакӣ муайян намудааст, ки моҳи августи соли 2015 шаҳрванди Афғонистон бо мақсади интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Тоҷикистон бо се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон маслиҳати пешакии ҷиноӣ намудааст.

Дар миёнаи моҳи августи соли 2015 шаҳрванди Афғонистон маводи нашъаоварро ба Тоҷикистон интиқол дода, дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба шаҳрванди Тоҷикистон супорид.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон, муваққатан бекор дастгир гардиданд. Барои дастгир намудани аъзоёни боқимондаи гурӯҳи ҷиноятпеша чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт давом дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.