Падари Бузургмеҳр Ёров ба президент муроҷиат кард

Равшани Ёрмуҳаммад, нависандаи тоҷик ва падари адвокати боздоштшуда Бузургмеҳр Ёров ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуда, аз ӯ дархост кардааст, ки ба такрори воқеаҳои соли 1937, замони таъқибу муҷозоти Сталин роҳ дода нашавад. Дар муроҷиати нависанда, ки нусхааш ба Прокуратураи генералӣ низ ирсол шудааст, қайд мешавад, ки рӯзи 2 октябр 7 нафар кормандони Вазорати […]

ASIA-Plus



Равшани Ёрмуҳаммад, нависандаи тоҷик ва падари адвокати боздоштшуда Бузургмеҳр Ёров ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуда, аз ӯ дархост кардааст, ки ба такрори воқеаҳои соли 1937, замони таъқибу муҷозоти Сталин роҳ дода нашавад.

Дар муроҷиати нависанда, ки нусхааш ба Прокуратураи генералӣ низ ирсол шудааст, қайд мешавад, ки рӯзи 2 октябр 7 нафар кормандони Вазорати корҳои дохилӣ барои кофтуков ба бӯстонсаро (дача)-и ӯ омада, изҳор доштаанд, ки ин кофтуков дар доираи тафтишот оид ба парвандаи писараш Бузургмеҳр Ёров гузаронида мешавад, вале санади иҷозати кофтуковро пешниҳод накардаанд.

Ба навиштаи ӯ, кормандони ВКД тамоми бӯстонсароро кофтуков намуда, вале ягон ҳуҷҷати мутааллиқ ба Бузургмеҳр Ёровро наёфтаанд ва танҳо шиносномаи техникии бӯстонсароро бо худ бурдаанд.

Нависанда изҳор доштааст, ки ӯ бӯстонсароро соли 1987 харида, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи он дар дасти роҳбари маҳаллаи бӯстонсароҳо аст. «Бидуни иҷозати мақомот ба бӯстонсарои ман ворид шудани кормандони милиса ва бо худ бурдани ҳуҷҷатҳои онро нақзи қонун ва таҳқир барои худ мешуморам. Аз Шумо хоҳиш мекунам, ки ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намоед, боз ба ҷои тоқӣ сарро набаранд. Воқеаҳои нангини соли 1937 такрор нашавад», – омадааст дар мактуби Равшани Ёрмуҳаммад.

Р.Ёрмуҳаммад ҳамчунин зикр кардааст, ки ӯ ҷановари интернатсионалист буда, аз соли 1975 то соли 1986 се маротиба дар Афғонистон кор карда, давоми солҳои 1982 то соли 1986 ба ҳайси котиби дуюми сафоратхонаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон фаъолият кардааст ва барои кораш бидуни камбудиҳо ба ӯ ду маротиба автомашина туҳфа кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки адвокат Бузургмеҳр Ёров санаи 28 сентябр ба гумони қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо аз ҷониби кормнадони ВКД Тоҷикистон боздошт шуд. Дар ҳамин ҳол, хешону наздикони адвокат мегӯянд, агар ӯ аз ҳимояи аъзои фаъоли боздоштшудаи ҲНИТ даст мекашид, дар озодӣ мемонд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.