Мусодираи 70 кило маводи мухаддир дар даромадгоҳи Душанбе



Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар даромадгоҳи шаҳри Душанбе 7 халтаро ошкор намуданд, ки дар дохили он 73 бастаи скотчпеч бо маводи мухаддири ҳашиш дарёфт шуда, вазни он 71 кг 656 граммро ташкил дод.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, тафтишоти пешакӣ муайян намудааст, ки моҳи августи соли 2015 шаҳрванди Афғонистон бо мақсади интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Тоҷикистон бо се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон маслиҳати пешакии ҷиноӣ намудааст.

Дар миёнаи моҳи августи соли 2015 шаҳрванди Афғонистон маводи нашъаоварро ба Тоҷикистон интиқол дода, дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба шаҳрванди Тоҷикистон супорид.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон, муваққатан бекор дастгир гардиданд. Барои дастгир намудани аъзоёни боқимондаи гурӯҳи ҷиноятпеша чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт давом дорад.

spot_imgspot_img

Популярное