Дар давоми 9 моҳи соли 2015 аз ҷониби шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба телефонҳои боварии Вазорати корҳои дохилии ҶТ 2070 нафар муроҷиат намудаанд, ки аз ин 1114 нафар ба телефони боварии вазири корҳои дохилӣ, 573 нафар ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, 300 нафар ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, 33 нафар ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, 30 нафар ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ ва 20 нафар ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намудаанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, омӯзиши муроҷиатҳо ба телефонҳои боварӣ нишон додаанд, ки дар умум зимни санҷишҳо 709 муроҷиат ба пуррагӣ тасдиқ гардида, аз рӯи 225 муроҷиат санҷишҳо давом дошта, дар 1076 ҳолат онҳо тасдиқи худро наёфтаанд. Аз муроҷиатҳои пешниҳодшуда дар умум 112 ҷиноят ошкор гардида, нисбати 281 нафар ҳуқуқвайронкунандаҳо протоколи маъмурӣ тартиб дода, чораҳои қонунӣ андешида шудааст.
Дар 7 ҳолат оиди ҷиноятҳои одамкушӣ, дар 16 ҳолат оиди ҷинояти таҷовуз ба номус, дар 184 ҳолат оиди ҷинояти дуздӣ, дар 241 ҳолат оиди лату куб, дар 218 ҳолат оиди бар нагардонидани пули қарз, дар 37 ҳолат оиди ситонидани ришва, дар 38 ҳолат оиди гардиши ғайриқонунии маводҳои муходдира, дар 20 ҳолат оиди ғайриқонунӣ фурӯхтани замин, дар 7 ҳолат оиди ҷинояти қаллобӣ, дар 3 ҳолат оиди сухтор ва дар 62 ҳолат оиди дигар ҷиноятҳо сокинони мамлакат тавассути телефони боварӣ муроҷиат намудаанд.
Аз ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар 313 ҳолат муроҷиатҳо дар бораи майдаавбошӣ, дар як ҳолат оиди додани таълимоти ғайриқонунии динӣ, дар 29 ҳолат оиди вайрон намудани қоидаҳои ҳаракати роҳ аз ҷониби ронандагон, дар 2 ҳолат оиди бе иҷозат истифода намудани хати барқ, дар 15 ҳолат оиди риоя накардани тартиботи тозагӣ, дар 3 ҳолат оиди бе ичозат истифода намудани замин, дар 3 ҳолат оиди фаъолияти бенизоми марказҳои дилхушӣ ва дар 34 ҳолат оиди дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад. Инчунин 35 нафар муроҷиаткунандагон дар бораи бедарак гум шудани одамони наздик тариқи телефони боварӣ муроҷиат намудаанд, ки дар асоси онҳо тадбирҳои зарурии қонунӣ андешида шуда, шахсони бедарак гум шуда пайдо ва ба наздиконашон супорида шуданд.
Тариқи телефонҳои боварӣ шаҳрвандони метавонанд бесовита ба вазири корҳои дохилӣ (221-21-21) ва роҳбарони Раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ҳамчунин гурӯҳи ноҳияҳои Рашт муроҷиат кунанд.



