Боздошти гумонбар ба қатли як зани рус дар пойтахт

Ахири ҳафтаи сипаришуда кормандони милитсияи пойтахт дар якҷоягӣ бо кормандони прокуратура марди 34-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппаро бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир карданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда шоми рӯзи 30 сентябр дар ҳолати мастӣ дар кӯчаи Р.Набиеви ш. Душанбе зимни муноқиша бо зани 39-солаи сокини ш. […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи сипаришуда кормандони милитсияи пойтахт дар якҷоягӣ бо кормандони прокуратура марди 34-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппаро бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир карданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда шоми рӯзи 30 сентябр дар ҳолати мастӣ дар кӯчаи Р.Набиеви ш. Душанбе зимни муноқиша бо зани 39-солаи сокини ш. Душанбе, миллаташ рус, ӯро зери лату кӯб қарор дода, ба қатл расонидааст.

Гуфта мешавад, сипас, ҷасади занро ба борхалтаи селофанӣ андохта, даҳонашро бо сими алюминӣ баста, ба дохили партовгоҳ партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур бо моддаи 104 (одамкушӣ) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти ин ҳодиса идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.