Лукашенко бори панҷум президенти Беларус интихоб шуд

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар маъракаи интихоботи президенти Беларус, ки рӯзи 11 октябр доир гардид, президенти амалкунандаи ин кишвар бо касби 83,49%-и овозҳо маротибаи панҷум пирӯз шуд. Беш аз 6%-и интихобкунандагон муқобили ҳамаи номзадҳо раъй дода, намояндаи ширкати «Говори правду» Татяна Короткевич ба 4,42%, раиси Ҳизби либералӣ-демократӣ Сергей Гайдукевич – 3,32% ва раиси Ҳизби ватанхоҳи Беларус […]

ASIA-Plus



Тибқи маълумоти пешакӣ, дар маъракаи интихоботи президенти Беларус, ки рӯзи 11 октябр доир гардид, президенти амалкунандаи ин кишвар бо касби 83,49%-и овозҳо маротибаи панҷум пирӯз шуд.

Беш аз 6%-и интихобкунандагон муқобили ҳамаи номзадҳо раъй дода, намояндаи ширкати «Говори правду» Татяна Короткевич ба 4,42%, раиси Ҳизби либералӣ-демократӣ Сергей Гайдукевич – 3,32% ва раиси Ҳизби ватанхоҳи Беларус Николай Улахович ба 1,67%-и овозҳо соҳиб шуданд.

Хабаргузории

ББС.

менависад, Комиссияи марказии интихоботи Беларус рӯзи 16 октябр аз натиҷаҳои ниҳоии интихобот маълумот хоҳад дод.

Бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихоботи Беларус, дар маъракаи рӯзи 11 октябри интихоботи президенти Беларус 86,75% аз шумори умумии интихобкунандагон ширкат варзида, ҳузури аз ҳама бештари онҳо да вилояти Витебск – 91% ва камтраин дар Минск – 73,33% ба қайд гирифта шудааст.

Хабаргузории

БЕЛТА

қайд мекунад, ки дар мавриди норозӣ буданашон аз  натиҷаҳои интихобот, номзадҳо ба мансаби президентӣ дар муддати 3 рӯз метавонанд аз болои он шикоят баранд.

Сарвари давлати амалкунандаи ин кишвар Александр Лукашенко айни замон ягона президенти Беларус ба шумор меравад. Ӯ дар маъракаҳои интихоботии солҳои 1994, 2001-ум, 2006-ум ва 2010-ум сарвари ин давлат интихоб шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.