Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов рӯзи 12 октябр бо дабири кулли Вазорати федералӣ оид ба Аврупо, ҳамгироӣ ва корҳои хориҷии Австрия Михаэл Линҳарт дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои робитаҳои дуҷониба ва ҳамкориҳо дар доираи барномаҳои Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва авлавиятҳои раисии Австрия дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар соли 2017-ро баррасӣ карданд.
Гуфта мешавад зимни мулоқот ҳамчунин ба масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва вазъият дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир шуд.



