Нашри китоби «Эмомалӣ Раҳмон: Саломатии миллат сарвати бебаҳост»

Китобе бо номи «Эмомалӣ Раҳмон: Саломатии миллат сарвати бебаҳост» ба ду забон – тоҷикӣ ва русӣ – дар нашриёти «Андалеб»-и Душанбе иборат аз 495 саҳифа, ба ҷуз аксҳои ранга (36 саҳифа),  ба табъ расид. Китоби мазкур, ки муаллифи он раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов мебошад, бо сарпарастии Кумитаи миллии олимпии кишвар нашр шудааст. Дар ин […]

ASIA-Plus



Китобе бо номи «Эмомалӣ Раҳмон: Саломатии миллат сарвати бебаҳост» ба ду забон – тоҷикӣ ва русӣ – дар нашриёти «Андалеб»-и Душанбе иборат аз 495 саҳифа, ба ҷуз аксҳои ранга (36 саҳифа),  ба табъ расид.

Китоби мазкур, ки муаллифи он раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов мебошад, бо сарпарастии Кумитаи миллии олимпии кишвар нашр шудааст.

Дар ин китоб суханрониҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба варзиш зимни мулоқоташ бо сокинони ҳамаи манотиқи кишвар, ҷавонони мамлакат, беҳтарин варзишгарону мураббиён ва роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналмилалии варзишӣ, инчунин Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳову барномаҳои Ҳукумати кишвар, ки фаъолияти соҳаи варзишро ба танзим медароранд, гирд оварда шудааст. Инчунин дар ин китоб дар бораи дастовардҳои варзишгарони тоҷик ва сохтмону азнавсозии иншоотҳои варзишӣ дар кишвар дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муфассал иттилоъ дода мешавад. 

Дар сарсухани ин китоб зикр шудааст, ки ба ин соҳаи муҳим, хусусан, баъди барқарории сулҳу оромӣ дар кишвар таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мешавад.             

“Дастаи мунтахаби олимпии кишвар шурӯъ аз соли 1996 мустақилона дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзад. Ба даст овардани се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон бузургтарин дастоварди варзишгарони Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Паҳлавони маъруф Расул Боқиев дар Олимпиадаи Пекин дар мусобиқа оид ба дзюдо дар вазни то 73 килограмм соҳиби медали биринҷӣ гардид, ки ин дар таърихи варзиши тоҷик аввалин медали олимпии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба шумор меравад”, – навиштааст муаллифи китоб.

Қобили қайд аст, ки солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҷумҳурӣ тадбирҳои судбахш андешида мешаванд. Бахусус баъд аз вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони кишвар, ки 20 декабри соли 2010 доир шуд, аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони ватанӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат қариб 2500 толору майдончаҳои варзишӣ ба маблағи умумии беш аз 250 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Инчунин садҳо иншооти мавҷудаи варзишӣ тармиму таҷдид гардиданд.

Ин китоб ҳамчун манбаи комили иттилоотию таҳлилӣ барои доираи фарохи хонандагон, аз ҷумла, ҷавонон, донишҷӯёну устодон, кормандону хабарнигорони соҳа, муаррихону муҳаққиқон ва алоқамандони варзиш пешбинӣ шудааст.

Ба иттилои котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев, аввалин нусхаи ин китоб ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи мавлудаш – 5 октябр тӯҳфа карда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.