Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои иловагии сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Ахири ҳафтаи гузашта дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон маросими ифтитоҳи дидбонгоҳҳои нави сарҳадии «Сари Пул» ва «Кафлотун» дар самти ноҳияҳои Панҷ ва Ҳамадонии вилояти Хатлон доир гардид. Сухангӯи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин маросим раиси КДАМ, генерал-лейтенант Саймумин Ятимов, фармондехи нерӯҳои марзбонӣ, генерал-лейтенант […]



Ахири ҳафтаи гузашта дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон маросими ифтитоҳи дидбонгоҳҳои нави сарҳадии «Сари Пул» ва «Кафлотун» дар самти ноҳияҳои Панҷ ва Ҳамадонии вилояти Хатлон доир гардид.

Сухангӯи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин маросим раиси КДАМ, генерал-лейтенант Саймумин Ятимов, фармондехи нерӯҳои марзбонӣ, генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори Раёсати нерӯҳои марзбонӣ дар вилояти Хатлон полковник Аслам Назаров, вазири корҳои дохилии ҶТ генерал-лейтенант Рамазон Раҳимзода ва сардорони воҳидҳои Қушӯнҳои сарҳадии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

«Қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон яке аз мушкилоти марзи Тоҷикистон буда, даромад аз он ба маблағгузории гурӯҳҳои террористӣ равона мешавад. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки ба ин мушкилот таваҷҷуҳ зоҳир намуда, баҳри пешгирии он аз тамоми тадбирҳо кор гирем», зикр кардааст зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи дидбонгоҳои сарҳадӣ фармондехи нерӯҳои марзбонӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ.

Ба иттилои манбаъ, дидбонгоҳҳои сарҳадии нав бо дастгирии ҳукумати кишвар сохта шуда, бо тамоми биноҳои зарурӣ барои хизмату иқомати марзбонон, мебел, техникаи корӣ ва маишӣ, асбобу лавозимоту рӯзгор ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъминанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин маросим ба афсарону сарбозони пешқадаму муваффақ медалу нишонҳои сарисинагӣ ва ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.