Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои иловагии сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон



Ахири ҳафтаи гузашта дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон маросими ифтитоҳи дидбонгоҳҳои нави сарҳадии «Сари Пул» ва «Кафлотун» дар самти ноҳияҳои Панҷ ва Ҳамадонии вилояти Хатлон доир гардид.

Сухангӯи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин маросим раиси КДАМ, генерал-лейтенант Саймумин Ятимов, фармондехи нерӯҳои марзбонӣ, генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори Раёсати нерӯҳои марзбонӣ дар вилояти Хатлон полковник Аслам Назаров, вазири корҳои дохилии ҶТ генерал-лейтенант Рамазон Раҳимзода ва сардорони воҳидҳои Қушӯнҳои сарҳадии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

«Қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон яке аз мушкилоти марзи Тоҷикистон буда, даромад аз он ба маблағгузории гурӯҳҳои террористӣ равона мешавад. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки ба ин мушкилот таваҷҷуҳ зоҳир намуда, баҳри пешгирии он аз тамоми тадбирҳо кор гирем», зикр кардааст зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи дидбонгоҳои сарҳадӣ фармондехи нерӯҳои марзбонӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ.

Ба иттилои манбаъ, дидбонгоҳҳои сарҳадии нав бо дастгирии ҳукумати кишвар сохта шуда, бо тамоми биноҳои зарурӣ барои хизмату иқомати марзбонон, мебел, техникаи корӣ ва маишӣ, асбобу лавозимоту рӯзгор ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъминанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин маросим ба афсарону сарбозони пешқадаму муваффақ медалу нишонҳои сарисинагӣ ва ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное