Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо котиби генералии вазорати корҳои хориҷии Австрия Михаэл Линҳарт ва ҳамроҳони ӯ дидору гуфтугӯ кард.
Бино ба иттилои
сомонаи расмии
палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони Австрия баррасӣ гардид.
Зимни вохӯрӣ Абдуҷаббор Азизӣ изҳор дошт, ки парлумони касбии Тоҷикистон тайи солҳои охир ҳамкориро бо парлумонҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба роҳ монда, дар ин замина гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумониро таъсис додааст ва дар ин росто, тақвияти ҳамкориҳои байнипарламентӣ байни Тоҷикистону Австрия низ барои истифода аз таҷрибаи касбкардаи якдигар дар самти таҳия ва қабули қонунҳо мусоидат менамояд.
Котиби генералии вазорати корҳои хориҷии Австрия Михаэл Линҳарт тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни ду кишварро омили асосии фароҳам омадани фазои мусоиди ҳуқуқӣ ҷиҳати таҳкими равобити байниҳамдигарӣ дар тамоми соҳаҳо арзёбӣ кард.
Зимни суҳбат роҷеъ ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла мубориза бар зидди ифротгароӣ, терроризму эктримизм, маводи мухаддир, вазъи минтақа ва ҷаҳон изҳори назар карда шуд.



