Миннатдории президент ба соҳибкорон барои саҳмашон дар рушди иқтисод

Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди уствор» дар доираи таҷлили «Рӯзи соҳибкор» оғоз гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар Форум намояндагони ҳукумат ва вазорату идораҳо, вакилони парлумони кишвар, намояндагони воломақоми […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди уствор» дар доираи таҷлили «Рӯзи соҳибкор» оғоз гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар Форум намояндагони ҳукумат ва вазорату идораҳо, вакилони парлумони кишвар, намояндагони воломақоми ҳукуматҳои кишварҳои ҳамшарик, соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ва ҷумҳуриявӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, олимону коршиносони варзида, 350 ширкати сармоягузор аз 35 мамолики олам, дар маҷмуъ зиёда аз ду ҳазор нафар иштирок менамоянд.

Зимни суханронӣ дар форум Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро бо солгарди нахустини ҷашни Рӯзи соҳибкор дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.

Президент нақши амалии бахши хусусиро дар таъмини рушди устувори иқтисоди кишвар, некӯаҳволии мардум ва ободонии ҷумҳурӣ муҳим номида, манфиатдории махсус ба таҳкими шарикии давлат ва бахши хусусиро таъкид намуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон барои саҳми арзанда дар рушди иқтисоди кишвар, таҳкими асосҳои иқтисодии истиқлолияти давлатӣ, сохтмони корхонаҳо, таъсиси ҷойҳои корӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ миннатдорӣ изҳор намуда, изҳори бовар намуд, ки соҳибкорон бо дарки масъулият ваэҳсоси ватандӯстӣ минбаъд низ ба рушди ҷумҳурӣ саҳми босазо мегузоранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.