Боздиди дипломатҳои Австрия аз парлумони Тоҷикистон

Муовини якуми Раиси  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо котиби генералии вазорати корҳои хориҷии Австрия Михаэл Линҳарт ва ҳамроҳони ӯ дидору гуфтугӯ кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони Австрия  баррасӣ гардид. Зимни […]

ASIA-Plus



Муовини якуми Раиси  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо котиби генералии вазорати корҳои хориҷии Австрия Михаэл Линҳарт ва ҳамроҳони ӯ дидору гуфтугӯ кард.

Бино ба иттилои

сомонаи расмии

палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони Австрия  баррасӣ гардид.

Зимни вохӯрӣ Абдуҷаббор Азизӣ изҳор дошт, ки парлумони касбии Тоҷикистон тайи солҳои охир ҳамкориро бо парлумонҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба роҳ монда, дар ин замина гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумониро таъсис додааст ва дар ин росто, тақвияти ҳамкориҳои байнипарламентӣ байни Тоҷикистону Австрия низ барои истифода аз таҷрибаи касбкардаи якдигар дар самти таҳия ва қабули қонунҳо мусоидат менамояд.

Котиби генералии вазорати корҳои хориҷии Австрия Михаэл Линҳарт тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни ду кишварро омили асосии фароҳам омадани фазои мусоиди ҳуқуқӣ ҷиҳати таҳкими равобити байниҳамдигарӣ дар тамоми соҳаҳо арзёбӣ кард.

Зимни суҳбат  роҷеъ ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла мубориза бар зидди ифротгароӣ, терроризму эктримизм, маводи мухаддир, вазъи минтақа ва ҷаҳон  изҳори назар карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.