Афзоиши назаррасии ҳаҷми сармоягузории БАТР ба Тоҷикистон

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев бо директори Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба кишварҳои Осиёи марказӣ ҷаноби Масару Хонма дидору гуфтушунид кард. Дар мулоқот ҳамчунин роҳбари Намояндагии доимии бонк дар Тоҷикистон ҷаноби Ричард Джонс низ ширкат варзид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳои […]

ASIA-Plus



Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев бо директори Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба кишварҳои Осиёи марказӣ ҷаноби Масару Хонма дидору гуфтушунид кард. Дар мулоқот ҳамчунин роҳбари Намояндагии доимии бонк дар Тоҷикистон ҷаноби Ричард Джонс низ ширкат варзид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳои рушди бахши молиявии ҷумҳурӣ, аз он ҷумла мушкилоти ҷорӣ ва имкониятҳои мавҷуда, ҳамчунин стратегияи БМТ оид ба таҳкими бонк мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷаноби Масару Хонма иброз дошт, ки то охири соли равон БАТР ҳаҷми сармоягузории худро дар Тоҷикистон то 200 млн. долл. ИМА мерасонад, ҳол он ки солҳои пеш ин нишондиҳанда танҳо атрофи аз 20 то 40 млн. долл. ИМА-ро ташкил медод.

Гуфта мешавад, дар идомаи суҳбат меҳмонон таъкид намуданд, ки роҳбарияти БАТР аллакай тасмим гирифтааст, ки моҳи оянда як ҳайати нави намояндагии бонк барои музокирот ба Душанбе меояд ва масъалаи пешниҳоди кӯмаки техникӣ ва қарзро ба бахши бонкӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.