Эмомалӣ Раҳмон: Ҷомеаи ҷаҳонӣ кумакҳо ба Афғонистонро бояд афзун намояд

Нимаи дуюми рӯзи 13 октябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба Афғонистон Николас Ҳейсомро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст: “Итминони комил дорам, ки […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 13 октябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба Афғонистон Николас Ҳейсомро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст: “Итминони комил дорам, ки бо саъйю талоши муштарак мо метавонем барои таъмини субот, сулҳ ва пешрафт дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мусоидат намоем”.

Николас Ҳейсом бо ҷонибдорӣ аз мавқеи устувори Тоҷикистон барои ҳалли вазъи сиёсӣ дар Афғонистон ба нақш ва саҳми Тоҷикистон барои мусоидат дар таъмини амну субот дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, инчунин мусоидати он ба неруҳои байналмилалии посдори сулҳ баҳои баланд дода, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари ташаббускор барои талошҳои созанда аз номи роҳбарияти Созмони Милали Муттаҳид арзи сипос намуд.

Масоили вобаста ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Афғонистон низ яке аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд кумакҳои молиявӣ, моддӣ ва техникии худро ба Афғонистон, пеш аз ҳама барои эҳёи иқтисодиёти ин кишвар, рушди бахши иҷтимоии он ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ афзун намояд”.

Бо ёдоварӣ аз татбиқи лоиҳаҳои CASA-1000 оид ба интиқоли барқ  аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон, бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва робитаҳои васеи тиҷоратию транзитӣ бо Афғонистон изҳор гардид, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷии худ ба рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвари ҳамсоя мусоидати фаъол мекунад. Ҳамчунин аз ҳамкории босамари сохторҳои қудратии Тоҷикистону Афғонистон дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва омодасозии кадрҳои низомии афғон дар Тоҷикистон бо қаноат ёдоварӣ шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масъалаҳои дигари минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла андешидани чораҳои пешгирикунанда аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.