«Газпром нефт-Тоҷикистон» иҷораи анбори нафтеро, ки дар он таркиш рух дод, рад мекунад



Ширкати «Газпром нефт-Тоҷикистон» маълумот дар бораи иҷора гирифтани нуқтаи нигаҳдории сӯзишвориро, ки рӯзи 13 октябр

дар он таркиш рух дод

, рад мекунад.

Дар маълумоти дар ин робита интишорнамудаи ширкат қайд мешавад, ки «рӯзи 14 октябр дар сомонаи ВКД Тоҷикистон ва дигар васоити ахбори умум доир ба таркиш дар нуқтаи нигаҳдории маҳсулоти нафтӣ дар деҳаи Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ, ки бар асари он 4 нафар ҳалок шуданд, маълумот интишор шуда, дар он зикр гардид, ки ин анбори сӯзишворӣ гӯё аз ҷониби ҶДММ «Газпром нефт-Тоҷикистон» ба иҷора гирифта шудаааст».

«Маълумоти ВАО дар бораи ба ҶДММ «Газпром нефт-Тоҷикистон» муталлиқ будани ин нуқтаи нигаҳдории сӯзишворӣ ба сифати иҷора асоси воқеъӣ надорад», – қайд мешавад дар маълумоти ширкат.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ин нуқтаи нигаҳдории сӯзишворӣ ба ҶДММ «Бафоев Ғайбулло» тааллуқ дошта, «Газпром нефт-Тоҷикистон» бо ин ширкат танҳо дар бораи нигаҳдории маҳсулоти нафтӣ шартнома бастааст.

«Мутобиқи шартнома, ҳамаи уҳдадориҳо оид ба нигаҳдории маҳсулоти нафтӣ бо риояи меъёру қоидаҳои зиддисӯхтор, санитарӣ ва посбонӣ, ки тибқи қонунгузорӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ба дӯши ҶДММ «Бафоев Ғайбулло» вогузор шудаанд», – ишора мешавад дар маълумот.

ҶДММ «Газпром нефт-Тоҷикистон» ҳамчунин маълумоти кормандони ширкат будани шахсони ҳалокшударо низ рад карда, ба хешону наздикони фавтидагон самимона ҳамдардӣ изҳор менамояд.

spot_imgspot_img

Популярное