Э.Раҳмон:Дастгирии тавлиди мол бо тамғаи «Истеҳсоли Тоҷикистон» зарур аст

Имрӯз зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки ҷиҳати таҳкими кафолати ҳимояи ҳуқуқии сармоягузорон ва устувор гардонидани фаъолияти сармоягузорӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ” таҳия гардидааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президент таъкид дошт, ки […]

ASIA-Plus



Имрӯз зимни

суханронӣ

дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки ҷиҳати таҳкими кафолати ҳимояи ҳуқуқии сармоягузорон ва устувор гардонидани фаъолияти сармоягузорӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ” таҳия гардидааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президент таъкид дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон дар давоми солҳои 2009-2014 ислоҳоти низоми иҷозатдиҳиро гузаронид, ки дар натиҷа шумораи соҳаҳои иҷозатҳо аз 805 то 86 адад кам карда шуда, низоми электронии пешниҳоди иҷозатҳо то 30 фоиз ба роҳ монда шуд.

Дар ин раванд бо Фармони Президенти мамлакат соли ҷорӣ ислоҳоти низоми иҷозатномадиҳӣ низ шурӯъ мегардад, ки мақсади асосии он боз ҳам коҳиш додани номгӯи фаъолияти дар асоси иҷозатнома амалишаванда ва аз байн бурдани монеаҳои маъмурӣ барои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ  мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид намуд, ки ҷиҳати дастгирии бештари соҳибкорон – истеҳсолкунандагони молу маҳсулот бо тамғаи “Истеҳсоли Тоҷикистон” зарур аст сиёсати тарифию гумрукие ҷорӣ карда шавад, ки ба рушди  истеҳсолоти ватанӣ мусоидат намояд.

«Бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна ва дастрасии соҳибкорон ба захираҳои қарзии имтиёзнок Фонди дастгирии соҳибкорӣ таъсис дода шуд, ки то имрӯз ба он аз ҳисоби буҷети давлатӣ 133 миллион сомонӣ гузаронида шуда, маблағи он бояд то соли 2020 ба 1 миллиард сомонӣ расонида шавад. Фонди мазкур аз оғози фаъолияти худ то имрӯз ба 117 субъекти соҳибкорӣ бо фоизи паст дар ҳаҷми беш аз 95 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат ҷудо намудааст, ки 47 шаҳру ноҳияи кишварро фаро мегирад. Аз ҷониби субъектҳои соҳибкорие, ки тавассути ин фонд қарзҳои имтиёзнок гирифтаанд, тибқи нақшаҳои тиҷоратӣ таъсиси зиёда аз 2000 ҷойҳои корӣ пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, барои дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ аз ҳисоби захираҳои қарзии низоми бонкӣ дар соли 2014 ба соҳибкорон ба маблағи қариб 9 миллиард сомонӣ ва дар 8 моҳи соли 2015 дар ҳаҷми 7 миллиард сомонӣ маблағҳо ҷудо карда шудаанд», – гуфт сарвари давлат.

Президенти мамлакат зикр кард, ки тадбирҳои андешидашуда дар соҳаи танзими муҳити сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ имкон доданд, ки нишондиҳандаҳои кишвар тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ беҳтар гардида, Тоҷикистон дар соли 2015 бори сеюм ба қатори даҳ кишвари барандаи ислоҳот ворид шавад.

Дар идома қайд шуд, ки илова бар ин, дар 10 соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба иқтисодиёти мамлакат беш аз 5 миллиард доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд, ки асосан ба соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва роҳсозӣ, саноату кишоварзӣ, рушди деҳот, алоқа, молия ва бонкдорӣ равона гардидаанд.

Дар натиҷаи роҳандозии сиёсати дастгирии соҳибкорӣ саҳми бахши хусусӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон сол ба сол афзуда, соли гузашта 67 фоизро ташкил дод.

«Ҳамзамон бо ин, бояд гуфт, ки тафтишу санҷишҳои молиявӣ ва чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотии аз ҷониби мақомоти дахлдор гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки як қисми соҳибкорон талаботи қонунгузориро риоя накарда, ба амалҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла бо роҳи қочоқ ворид намудани молу маҳсулот, рӯйпӯш намудани андозҳо ва пардохтҳои гумрукӣ, изофанависии ҳаҷми корҳои таъмиру сохтмон аз ҳисоби маблағгузориҳои буҷетӣ, бо мақсади пинҳон кардани камбудиву норасоиҳои молиявӣ дуруст ба роҳ намондани ҳисобу китоби муҳосибӣ даст мезананд ва ҳатто баъзе аз онҳо бо роҳи додани ришва мехоҳанд қонуншиканиҳои худро рӯйпӯш намоянд, – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон. – Аз ҷумла дар фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар давоми солҳои 2011-2014 ва 9 моҳи соли 2015 ба маблағи 231 миллион сомонӣ зарари молиявӣ аз ҳисоби камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, изофанависии ҳаҷми корҳои сохтмон, талафи пулию молӣ аз бесарусомонӣ ва ҳолатҳои кам ҳисобӣ кардан ва рӯйпӯш намудани андозҳо ошкор карда шудааст».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.