Раҳоии раиси «Фононбонк» аз тавқифгоҳи муваққатӣ

Раиси ҶСП «Фононбонк» Самихон Қурбонов, ки нимаи ҳафтаи гузашта ба гумони робита доштан ба исёни мусаллаҳонаи собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) дастгир гардида буд, рӯзи 13 сентябр боздоштгоҳ раҳо шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод. Самихон Қурбонов хеши наздики муовини аввали раиси […]



Раиси ҶСП «Фононбонк» Самихон Қурбонов, ки нимаи ҳафтаи гузашта ба гумони робита доштан ба исёни мусаллаҳонаи собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) дастгир гардида буд, рӯзи 13 сентябр боздоштгоҳ раҳо шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод.

Самихон Қурбонов хеши наздики муовини аввали раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ буда, на ба гумони содир кардани ҷиноятҳои молиявӣ, балки барои робита доштан бо гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода ва иштирок дар фаъолияти ҷинояткоронаи ҳизби аллакай мамнӯъ дар Тоҷикистон – ҲНИТ ҳабс шудааст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, пас аз бозпурсиҳои дахлдор дар ин маврид Самихон Қурбонов озод карда шуда, айни замон хазинадор ва муҳосиби «Фононбонк» аз ҷониби намояндагони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ мавриди бозпурсӣ қарор доранд.

Саидумар Ҳусайнӣ ҳамроҳи беш аз 20 нафар роҳбарон ва фаъолони ҲНИТ аз нимаи моҳи сентябр боздошт шуда, раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар яке кишварҳои хориҷи дур қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 29 сентябри соли 2015 Суди олии Тоҷикистон даъвои Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар бораи террористӣ эътироф шудани ҲНИТ-ро 

қонеъ намуда

, фаъолияти ин ҳизб дар қаламрави Тоҷикистонро манъ кард.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки бо мақсади беҳбуди вазъи молиявии ҶСП «Фононбонк», Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ин муассисаи тиҷоратӣ

маъмурияти муваққатӣ таъин кард.

 Санаи 2 октябр Раёсати БМТ дар ин бора қарори дахлдор қабул кард.

Мувофиқи қарори қабулшуда, ҳайати маъмурияти муваққатӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи идораҳои марбутаи Бонки миллии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

ҶСП «Фононбонк» вориси ҶСП «Ташкилоти қарзии Фонон» мебошад. Моҳи майи соли 2007 «Фононбонк» дар Вазорати адлияи ҶТ сабти ном шуда, 4 январи соли 2008 барои анҷоми амалиёти молиявӣ ба сифати бонк аз БМТ иҷозатнома гирифт.

Дафтари кории маркзии ҶСП «Фононбонк» дар пойтахт қарор дошта, бонк дар саросари кишвар 14 филиал дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.