Намоишгоҳи байнулмилалии AgroFood Tajikistan-2015 дар Душанбе (Аксҳо)

Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи сеюми байнулмилалии кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва бастабандии AgroFood Tajikistan-2015 ба кор шурӯъ кард. Намоишгоҳи мазкур аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) дар ҳамдастӣ бо ширкати Expo Central Asia бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон созмон дода мешавад. Муовини раиси ПСС Тоҷикистон Манзура Рустамова ба «Азия-Плюс» […]



Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи сеюми байнулмилалии кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва бастабандии AgroFood Tajikistan-2015 ба кор шурӯъ кард. Намоишгоҳи мазкур аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) дар ҳамдастӣ бо ширкати Expo Central Asia бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон созмон дода мешавад.






Муовини раиси ПСС Тоҷикистон Манзура Рустамова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин чорабинӣ дар доираи Форуми байнулмилалии соҳибкорон «Душанбе-2015» доир гардида, дар он маҳсулоти беш аз 60 ширкат аз зиёда аз 20 давлати қораи Осиё ва Аврупо ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта мешавад.

Аз ҷумла, дар намоишгоҳ маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, комплекси агросаноатӣ, техника ва таҷҳизоти бахши кишоварзӣ аз ширкатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, Гурҷистон, Италия ва Испания, Ҳолланд, Словения, Олмону Русия, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистону Қирғизистон ва Эрону Туркия пешниҳод шудааст.

Манзура Рустамова қайд кард, ки соли равон ин чорабинӣ муҳимтарин макони вохӯрии намояндагони корхонаҳои байнулмилалии саноати хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо аст, ки онҳо дар ҷараёни он оид ба ҳамкориҳои муштарак тавофуқ ҳосил мекунанд.

«Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ таҷассуми имконоти густардаи саноати хӯрокворӣ ва бахши кишоварзии кишварҳои узви чорабинӣ, дарёфти шарикони нави тиҷоратӣ, анҷоми гуфтушунидҳо, ба имзо расонидани шартномаву қарордод дар бораи ҳамкорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, техника ва технодогияи муосир ба иқтисоди Тоҷикистон, таъмини аҳолии маҳаллӣ бо ҷойҳои корӣ ва дар ниҳояти кор беҳбуди сатҳи зиндагонии тоҷикистониён аст», – иброз дошт М.Рустамова.

Намоишгоҳ рӯзи ҷумъа, 16 октябр ба кори худ хотима мебахшад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.