Раҳоии раиси «Фононбонк» аз тавқифгоҳи муваққатӣ



Раиси ҶСП «Фононбонк» Самихон Қурбонов, ки нимаи ҳафтаи гузашта ба гумони робита доштан ба исёни мусаллаҳонаи собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) дастгир гардида буд, рӯзи 13 сентябр боздоштгоҳ раҳо шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод.

Самихон Қурбонов хеши наздики муовини аввали раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ буда, на ба гумони содир кардани ҷиноятҳои молиявӣ, балки барои робита доштан бо гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода ва иштирок дар фаъолияти ҷинояткоронаи ҳизби аллакай мамнӯъ дар Тоҷикистон – ҲНИТ ҳабс шудааст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, пас аз бозпурсиҳои дахлдор дар ин маврид Самихон Қурбонов озод карда шуда, айни замон хазинадор ва муҳосиби «Фононбонк» аз ҷониби намояндагони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ мавриди бозпурсӣ қарор доранд.

Саидумар Ҳусайнӣ ҳамроҳи беш аз 20 нафар роҳбарон ва фаъолони ҲНИТ аз нимаи моҳи сентябр боздошт шуда, раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар яке кишварҳои хориҷи дур қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 29 сентябри соли 2015 Суди олии Тоҷикистон даъвои Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар бораи террористӣ эътироф шудани ҲНИТ-ро 

қонеъ намуда

, фаъолияти ин ҳизб дар қаламрави Тоҷикистонро манъ кард.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки бо мақсади беҳбуди вазъи молиявии ҶСП «Фононбонк», Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ин муассисаи тиҷоратӣ

маъмурияти муваққатӣ таъин кард.

 Санаи 2 октябр Раёсати БМТ дар ин бора қарори дахлдор қабул кард.

Мувофиқи қарори қабулшуда, ҳайати маъмурияти муваққатӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи идораҳои марбутаи Бонки миллии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

ҶСП «Фононбонк» вориси ҶСП «Ташкилоти қарзии Фонон» мебошад. Моҳи майи соли 2007 «Фононбонк» дар Вазорати адлияи ҶТ сабти ном шуда, 4 январи соли 2008 барои анҷоми амалиёти молиявӣ ба сифати бонк аз БМТ иҷозатнома гирифт.

Дафтари кории маркзии ҶСП «Фононбонк» дар пойтахт қарор дошта, бонк дар саросари кишвар 14 филиал дорад.

spot_imgspot_img

Популярное