Афзоиши ҷарима барои фоҳишагарӣ дар Тоҷикистон



Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ тағйироту илова ба қонунгузории Тоҷикистонро маъқул шуморид, ки мутобиқи он, минбаъд маблағи ҷарима барои машғул шудан ба фоҳишагарӣ қариб ду баробар зиёд мешавад.

Вакилони палатаи поёнии парлумон имрӯз, 15 октябр тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекси мурофиавӣ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро якдилона дастгирӣ намуданд.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала вакил Бахтовар Сафаров қайд кард, ки дар ҷумҳурӣ мубориза алайҳи фоҳишагарӣ пурзӯр мешавад. Ба қавли вакил, айни замон дар ҷумҳурӣ барои машғул шудан ба фоҳишагарӣ ҷазои ҷаримабандӣ аз 400 то 800 сомонӣ пешбинӣ гардида, акнун ҳаҷми ин ҷаримаҳо аз 800 то 1,6 ҳазор сомонӣ мерасад ва ҳамчунин ҷазо дар шакли ҳабси хонагӣ ба муҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз низ пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, моҳи июни соли равон зикр гардида буд, ки шумори умумии занони машғул ба тиҷорати фоҳишагарӣ дар Тоҷикистон 1777 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 500 нафар зиёдтар аст. Нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар қаламрави кишвар 194 адад фоҳишахонаҳо ошкор шуда буданд, ки дар муқоиса бо соли пешин 80 адад бештар аст. Шумори фоҳишаҳои ноболиғ дар соли 2014 ба 30 нафар расида буд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар ҷараёни рейди серӯзаи кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар Душанбе 505 нафар фоҳишаҳо ошкор гардида буданд, ки 450 нафари онҳо ба бемориҳои тариқи алоқи ҷинсӣ гузаранда гирифтор буданд. Пас аз ин рейд кӯчаҳои пойтахт аз фоҳишаҳо қариб холӣ шуда, аммо бо гузашти ду-се моҳ онҳо боз дар кӯчаҳои Душанбе пайдо шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное