Иштироки директори АНМН дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии СААД

Нимаи ҳафтаи равон дар шаҳри Ереван ҷаласаи ҳабдаҳуми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид, ки Тоҷикистонро дар он  директори Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода намояндагӣ кард. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи […]

ASIA-Plus



Нимаи ҳафтаи равон дар шаҳри Ереван ҷаласаи ҳабдаҳуми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид, ки Тоҷикистонро дар он  директори Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода намояндагӣ кард.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар нимсолаи дуюми соли 2015, масъалаҳои ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди таҳдидҳои вобаста ба маводи нашъаовар муҳокима гардида, пешниҳодҳои мақомоти салоҳиятдори кишварҳои аъзои СААД оид ба коркарди мавқеи муттаҳида дар арафаи Сессияи махсуси Ассамблеяи генералии СММ оид ба масъалаҳои маводи нашъаовар дар ҷаҳон дар соли 2016 баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ба рӯзномаи ҷаласа инчунин масъалаҳои интихоби котиби Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва банақшагирии чорабиниҳои асосии Шӯро барои солҳои 2016-2017 дохил карда шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки Рустам Назарзода зимни суханронӣ ба иштирокчиёни Шӯрои Ҳамоҳангсозӣ оиди натиҷаҳои амалиёти “Гром-2015”, ки аз 24 август то 3 сентябри соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда гузашт, маълумот дода, инчунин доир ба масъалаҳои гузаронидани чорабиниҳои «интиқоли назоратшаванда» сухан гуфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.