Имзои як қатор асноди ҳамкорӣ дар доираи форуми соҳибкорон дар Душанбе

Дар доираи кори Форуми байналмилалии соҳибкории   Душанбе- 2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» як қатор асноди ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, миёни Кумита ва Кластери кимёвии Бавария (Олмон) оид ба ҳамкорӣ дар самти омӯзиш ва ташкили кластерҳо дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ […]

ASIA-Plus



Дар доираи кори Форуми байналмилалии соҳибкории   Душанбе- 2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» як қатор асноди ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, миёни Кумита ва Кластери кимёвии Бавария (Олмон) оид ба ҳамкорӣ дар самти омӯзиш ва ташкили кластерҳо дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна дар ин бахшҳо ёддошт ба имзо расидааст.

Ҳамчунин байни Кумита ва Ширкати “NORINCO International Cooperation  Ltd.”-и Чин оид ба ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои зеристгоҳи барқӣ ва хати интиқоли барқ ба ноҳияи Данғара, сохтмони пойгоҳи обкашӣ ва соф намудани манбаи об дар шаҳри Душанбе, сохтмони МБГ дар ноҳияи Рашт бо иқтидори 2×350МВт, истеҳсоли газ аз ангишт, бунёди роҳи оҳан низ ёёдошт ба тасвиб расидааст.

Ғайр аз ин, Кумита бо Фонди сармоягузории «HUI-JIN»-и Чин дар бораи таъсиси корхонаи муштараки суғуртаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва бо Корпоратсияи “Zhong Min Tou”-и Чин оид ба ташкили корхонаи муштараки лизингӣ дар Тоҷикистон ёддоштҳо ба имзо расонид.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ инчунин бо Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин оид ба сохтмонни корхонаи истеҳсоли маводи тарканда ва Вазорати кишоварзии вилояти Тоскания (Италия) дар бораи таъсиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Италия ёддоштҳо ба имзо расонид.

Гуфта мешавад, дар доираи кори чорабинии мазкур ҳамчунин миёни корхонаву ташкилотҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои гуногуни хориҷӣ созишномаву қарордҳои сершумор ба тасвиб расиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.