Хуҷанд: Пирамарди 65-сола хоҳари 61-солаи худро бо табар ба қатл расонид

Сокини 65-солаи шаҳри Хуҷанд бар асари як муноқиша хоҳари 61-солаи худро бо табар ба қатл расонид. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят кормандони милитсия нафақахӯр, сокини 65-солаи шаҳрро боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, нимаи дуюми рӯзи 13 октябр нафақахӯр дар ҳолати мастӣ назди театри “Наврасон”-и ш. […]

ASIA-Plus



Сокини 65-солаи шаҳри Хуҷанд бар асари як муноқиша хоҳари 61-солаи худро бо табар ба қатл расонид.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят кормандони милитсия нафақахӯр, сокини 65-солаи шаҳрро боздошт кардаанд.

Гуфта мешавад, нимаи дуюми рӯзи 13 октябр нафақахӯр дар ҳолати мастӣ назди театри “Наврасон”-и ш. Хуҷанд аз сабаби муноқишаи бамиёномада бо хоҳараш, зани 61-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол карда, сипас бо табари дар дасташ буда, якчанд маротиба ба қисми сар ва гардани хоҳараш задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.