Муҳри махфӣ ба парвандаи аъзои ҳабсшудаи ҲНИТ

Ба парвандаи аъзои ҳабсшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ шудааст, муҳри махфӣ гузошта шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» хешу ақрабои ҳабсшудагон хабар доданд . Ин маънои онро дорад, ки афроди таҳти бозпурсӣ қарордошта аз рӯи ин парванда, адвокатҳои боздоштшудагон ва муфаттишони ин парванда ба ифшои маълумот дар бораи он ҳуқуқ […]

ASIA-Plus



Ба парвандаи аъзои ҳабсшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ шудааст, муҳри махфӣ гузошта шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» хешу ақрабои ҳабсшудагон хабар доданд

.

Ин маънои онро дорад, ки афроди таҳти бозпурсӣ қарордошта аз рӯи ин парванда, адвокатҳои боздоштшудагон ва муфаттишони ин парванда ба ифшои маълумот дар бораи он ҳуқуқ надоранд.

Дар ҳамин ҳол, ба парвандаи адвокати аъзои боздоштшудаи ҲНИТ Бузургмеҳр Ёров, ки санаи 28 сентябр ба гумони даст доштан дар қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо боздошт шуда буд, низ муҳри махфӣ зада шудааст.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи изҳороти ахири Прокуратураи генералӣ аз 6 октябр, 23 нафар роҳбарон ва аъзои Шӯрои олии сиёсии ҲНИТ ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷиноятҳо ва шумори муайяни аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи Абдуҳалим Назарзода, ки тибқи изҳороти ҳукумат бо дастури ҲНИТ амал мекарданд, боздошт шудаанд.

Нисбати ҳамаи боздоштшудагон мутобиқи моддаҳои 179 (Терроризм), 187 (Ташкили иттиҳоди  ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ), 189 (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ), 306 (Бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият), 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ), 313 (Исёни мусаллаҳона) ва ҳамчунин дигар моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.