Боздошти сокини Кӯлоб барои барафрохтани парчами ДИИШ дар болои дарвозаи шаҳр

Яке аз сокинони шаҳри Кӯлоб, собиқ узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ боздошт шуд. Ӯ ба таблиғи афкори гурӯҳи «Давлати исломӣ» гумонбар дониста мешавад. Тавре як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар ин робита хабар дод, Маҳмадалӣ Исломови 32-сола ба гумони аввали моҳи сентябри соли равон барафрохтани парчами Давлати […]

ASIA-Plus



Яке аз сокинони шаҳри Кӯлоб, собиқ узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ боздошт шуд. Ӯ ба таблиғи афкори гурӯҳи «Давлати исломӣ» гумонбар дониста мешавад.

Тавре як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар ин робита хабар дод, Маҳмадалӣ Исломови 32-сола ба гумони аввали моҳи сентябри соли равон барафрохтани парчами Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) дар болои дарвозаи шаҳри Кӯлоб боздошт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, айни замон Маҳмадалӣ Исломов дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли ҷорӣ низ дар вилояти Хатлон ду гурӯҳи ҷавонон дар ноҳияи Шаҳритӯс ва шаҳри Норак ба гумони барафрохтани парчами Давлоати исломӣ боздошт шуда буданд.


Акс аз Радиои Озодӣ

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.