Намояндаи БАТР ба мушкилоти соҳибкорони тоҷик ишора кард

Зимни суханронӣ дар конфронси байнулмилалии соҳибкорон дар Душанбе директори Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Масару Хонма изҳор дошт, ки дар роҳи рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон монеъаҳои хеле зиёд вуҷуд доранд. Мушкилоти бештар ҷиддӣ дар ин самтро намояндаи БАТР дастрасӣ  ба нерӯи барқ ва қарзҳо ва ҳамчунин камбудӣ дар маъмурияти […]

ASIA-Plus



Зимни суханронӣ дар конфронси байнулмилалии соҳибкорон дар Душанбе директори Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Масару Хонма изҳор дошт, ки дар роҳи рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон монеъаҳои хеле зиёд вуҷуд доранд.

Мушкилоти бештар ҷиддӣ дар ин самтро намояндаи БАТР дастрасӣ  ба нерӯи барқ ва қарзҳо ва ҳамчунин камбудӣ дар маъмурияти расмиёти андоз унвон кард.

Ба гуфтаи ӯ, дар мавсими тирамоҳу зимистони соли гузашта корхонаҳои Тоҷикистон шабонарӯзӣ ба ҳисоби миёна 7 соат аз дастрасӣ ба нерӯи барқ маҳрум буданд.

Намояндаи БАТР таъкид дошт, ки зиёни корхонаҳои кишвар аз ҳисоби дастраси надоштан ба нерӯи барқ 14,4% аз ҳаҷми умумии даромади солонаи онҳоро ташкил медиҳад. «Дар дигар кишварҳои минтақа ин нишондиҳанда ба 5% баробар аст», – гуфт ӯ.

Масару Хонма қайд кард, ки мушкили дигари ҷиддӣ дар самти тиҷорат дар Тоҷикистон дастнорасии қарзҳо буда, ҳиссаи ширкатҳое, ки аз бонкҳо қарз гирифтаанд, ҳамагӣ 14,6%-ро ташкил медиҳад ва ин нишондиҳанда хеле ночиз мебошад.

Ба қавли намяондаи бонк, «маъмурияти расмиёти андози тарҳрезишуда, ки ба талаботи фискалӣ ҷавоб гуфта тавонад, барои рушди соҳибкорӣ чун дар дигар кишварҳо хеле муҳим аст». Ӯ ба ҳукуматдорон ишора кард, ки нияти ба даст овардани «даромади воқеӣ» бояд «шароитҳои воқеии иқтисод»-ро таҷассум созад.

Хонма ҳамчунин ба санҷишҳои сершумори мақомоти надози ҷумҳурӣ, пардохтпулиҳои шаклҳои гуногун, мавҷуд набудани шарҳи ягонаи сиёсти андозбандӣ ва механизми заифи шикоят бурдан аз болои қарорҳои мақомоти андози Тоҷикистон низ ишора намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.