Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон раҳсипор мешавад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми имрӯз ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ ба Қазоқистон раҳсипор мешавад. Воҳурии сарони кишварҳои узви ИДМ рӯзи 16 октябр дар вилояти Акмола, дар меҳмонхонаи «Риксос Боровое»-и шаҳраки Бурабой доир мегардад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар Қазоқистон вохӯриҳои […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми имрӯз ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ ба Қазоқистон раҳсипор мешавад. Воҳурии сарони кишварҳои узви ИДМ рӯзи 16 октябр дар вилояти Акмола, дар меҳмонхонаи «Риксос Боровое»-и шаҳраки Бурабой доир мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар Қазоқистон вохӯриҳои дуҷонибаи сарвари давлати Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ аз Иттиҳод ба нақша гирифта нашудааст.

Дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ баррасии лоиҳаҳои аснод ба муносибати санаҳои таърихии қарибулвуқӯъ – 70-умин солгарди таъсиси СММ ва 30-солагии садама дар нерӯгоҳи атомии Чернобил дар назар аст.

Ғайр аз ин дар ҷаласа ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи ҳамкориҳо дар бахшҳои муҳоҷират, фарҳанг, мубориза бо ҷинояткорӣ, огоҳӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва ҳифзи марзҳо қабул шуда, масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои мутақобила дар бахши низомӣ баррасӣ мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.