Боздиди кордори сафорати Туркия аз ВКХ Тоҷикистон

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ рӯзи 14 октябр бо кордори навтаъйини сафорати Туркия дар Тоҷикистон Сафир Авни Аксой дидору гуфтугӯ кард. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия ва рафти татбиқи натиҷаҳои машваратҳои байни Вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро, ки моҳи июни […]

ASIA-Plus



Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ рӯзи 14 октябр бо кордори навтаъйини сафорати Туркия дар Тоҷикистон Сафир Авни Аксой дидору гуфтугӯ кард.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия ва рафти татбиқи натиҷаҳои машваратҳои байни Вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуданд, баррасӣ намуданд.

Гуфта мешвад, ҳамчунин миёни ҷонибҳо атрофи тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳо ва тақвияти фаъолияти комиссияҳои муштараки байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ табодули назари судманд сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.