Ошкор шудани як далели саркашӣ аз супоридани андоз дар ҳаҷми махсусан калон

Кормандони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як далели саркашӣ аз супоридани андоз дар ҳаҷми махсусан калонро муайян ва ошкор карданд. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, марди 42-солаи сокини шаҳри Душанбе, сармуҳосиби ҶДММ «ДТТ» дар якҷоягӣ бо директори коргоҳи мазкур, марди 38-солаи сокини пойтахт дар дидбонгоҳи гумрукии шаҳри […]

ASIA-Plus



Кормандони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як далели саркашӣ аз супоридани андоз дар ҳаҷми махсусан калонро муайян ва ошкор карданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, марди 42-солаи сокини шаҳри Душанбе, сармуҳосиби ҶДММ «ДТТ» дар якҷоягӣ бо директори коргоҳи мазкур, марди 38-солаи сокини пойтахт дар дидбонгоҳи гумрукии шаҳри Душанбе маҳсулотҳои вориднамудаи соҳибкоронро бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ба номи ҷамъияти мазкур ба расмияти гумрукӣ даровардаанд.

Ба иттилои манбаъ, номбурдагон дар давраи аз 19-уми марти соли 2014 то 1-уми августи соли 2015, дидаю дониста ба асноди муҳосибавӣ амалиёти андозбандишавандаро ба миқдори махсусан калон нишон надода, аз пардохти андоз ба маблағи 2 млн. 805 ҳазору 216 сомонӣ саркашӣ намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Қобили зикр аст, ки рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта, 14 октябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байнулмилалии соҳибкорон дар Душанбе дар ин робита изҳор намуд, ки як қисми соҳибкорон талаботи қонунгузориро риоя накарда, ба амалҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла бо роҳи қочоқ ворид намудани молу маҳсулот, рӯйпӯш намудани андозҳо ва пардохтҳои гумрукӣ, изофанависии ҳаҷми корҳои таъмиру сохтмон аз ҳисоби маблағгузориҳои буҷетӣ, бо мақсади пинҳон кардани камбудиву норасоиҳои молиявӣ дуруст ба роҳ намондани ҳисобу китоби муҳосибӣ даст мезананд ва ҳатто баъзе аз онҳо бо роҳи додани ришва мехоҳанд қонуншиканиҳои худро рӯйпӯш намоянд.

Ҳамин тариқ, ба гуфтаи сарвари давлат, аз ҷумла дар фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар давоми солҳои 2011-2014 ва 9 моҳи соли 2015 ба маблағи 231 миллион сомонӣ зарари молиявӣ аз ҳисоби камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, изофанависии ҳаҷми корҳои сохтмон, талафи пулию молӣ аз бесарусомонӣ ва ҳолатҳои кам ҳисобӣ кардан ва рӯйпӯш намудани андозҳо ошкор карда шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.