Намоиши нигораҳои миллии Тоҷикистон дар Осорхонаи Британия

Ба Осорхонаи Британия (The British Museum) нигораҳои миллии Тоҷикистон, аз ҷумла либосҳои миллӣ, зарфҳои хӯрокхӯрӣ, асбобҳои мусиқӣ, кундалҳои анъанавӣ ва ашёҳои қадими рӯзгори мардуми Тоҷикистон (ҳамагӣ 67 намуд) супорида шуданд, ки онҳо дар Осорхонаи Британия ба намоиш гузошта хоҳанд шуд. Бино ба маълумоти Вазорати крҳои хориҷии ҶТ, ташаббуси мазкур аз ҷониби вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ […]

ASIA-Plus



Ба Осорхонаи Британия (The British Museum) нигораҳои миллии Тоҷикистон, аз ҷумла либосҳои миллӣ, зарфҳои хӯрокхӯрӣ, асбобҳои мусиқӣ, кундалҳои анъанавӣ ва ашёҳои қадими рӯзгори мардуми Тоҷикистон (ҳамагӣ 67 намуд) супорида шуданд, ки онҳо дар Осорхонаи Британия ба намоиш гузошта хоҳанд шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати крҳои хориҷии ҶТ, ташаббуси мазкур аз ҷониби вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷидин Аслов дар ҷараёни боздид аз Осорхонаи Британия, ки моҳи июли соли 2014 дар доираи сафар ба Британияи Кабир сурат гирифт, пешниҳод гардида буд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон пас аз сафари вазири корҳои хориҷӣ ба Британияи Кабир як ҳайати Осорхонаи Британия ба Тоҷикистон сафар намуда, зимни боздид аз осорхонаҳои шаҳри Душанбе, маъбади буддоии Аҷина-Теппа, шаҳраки Ҳулбук, Саразм ва “Тахти Сангин” боздид ва  доир ба ҷойҳои таърихӣ ва археологии Тоҷикистон маълумотҳои муҳим ҷамъ оварданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ин иқдом баҳри барқарор намудани ҳамкорӣ байни осорхонаҳои Тоҷикистон ва Осорхонаи Британия ва густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Британияи Кабир мусоидат хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.