Намоиши нигораҳои миллии Тоҷикистон дар Осорхонаи Британия



Ба Осорхонаи Британия (The British Museum) нигораҳои миллии Тоҷикистон, аз ҷумла либосҳои миллӣ, зарфҳои хӯрокхӯрӣ, асбобҳои мусиқӣ, кундалҳои анъанавӣ ва ашёҳои қадими рӯзгори мардуми Тоҷикистон (ҳамагӣ 67 намуд) супорида шуданд, ки онҳо дар Осорхонаи Британия ба намоиш гузошта хоҳанд шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати крҳои хориҷии ҶТ, ташаббуси мазкур аз ҷониби вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷидин Аслов дар ҷараёни боздид аз Осорхонаи Британия, ки моҳи июли соли 2014 дар доираи сафар ба Британияи Кабир сурат гирифт, пешниҳод гардида буд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон пас аз сафари вазири корҳои хориҷӣ ба Британияи Кабир як ҳайати Осорхонаи Британия ба Тоҷикистон сафар намуда, зимни боздид аз осорхонаҳои шаҳри Душанбе, маъбади буддоии Аҷина-Теппа, шаҳраки Ҳулбук, Саразм ва “Тахти Сангин” боздид ва  доир ба ҷойҳои таърихӣ ва археологии Тоҷикистон маълумотҳои муҳим ҷамъ оварданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ин иқдом баҳри барқарор намудани ҳамкорӣ байни осорхонаҳои Тоҷикистон ва Осорхонаи Британия ва густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Британияи Кабир мусоидат хоҳад кард.

spot_imgspot_img

Популярное