Имзои 16 санад дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ дар Қазоқистон



Дар нишасти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Қазоқистон сарони кишварҳои  Қазоқистон, Русия, Беларус, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 16 санад ба имзо расониданд.

Хабаргузории ТАСС дар ин робита

менависад

, дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳод аз ҷумла Консепсияи ҳамкориҳои низомӣ то соли 2020 ба тасвиб расидааст.

Дар нишаст Изҳороти сарони кишварҳои узви ИДМ ба муносибати 70-умин солгарди таъсиси Созмони Милати Мутатҳид ва Муроҷиатномаи сарони кишварҳои узви ИДМ бахшида ба 30-солагии садама дар нерӯгоҳи барқи атомии Черонбил ба имзо расид.

Гуфта мешавад, қарор дар бораи ташкили гурӯҳи марзбонон ва дигар мақомот барои танзими вазъҳои буҳронӣ дар сарҳадҳои беруна ва Барномаи ҳамкорӣ дар таҳкими амнияти марзӣ дар сарҳадҳои беруна қабул шудаааст.

Зикр мегардад, ки як қатор ҳуҷҷатҳои қабулшуда ба ҳамкориҳо дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ марбут буда, ҳамчунин созишномаи ҳамкорӣ дар бахши огаҳӣ ва рафъи оқибатҳои фати табиӣ ба имзо расидааст.

Сарони кишварҳои узви ИДМ номзадҳои роҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ ва раиси Кумитаи ҳамоҳангсози масоили дифоъи зиддиҳавоӣ дар назди Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои ИДМ-ро тасдиқ намудаанд.

Қайд мешавад, ки ҷаласаи минбаъдаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ санаи 16 сенябри соли 2016 дар Қирғизистон баргузор мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное