Муассисаи давлатии гидрометеорологии Тоҷикистон дар бораи фарорасии обуҳавои ноустувор дар ҷумҳурӣ огоҳ мекунад.
Дар маълумоти обуҳавошинсон қайд мешавад, ки рӯзҳои 18-19 октябр дар натиҷаи воридоти ҳавои сард ба кишвар, сардиву боришот дар назар аст.
Дар баъзе ноҳияҳо боришоти шадид (борон, шабона дар баландии зиёда аз 2,5 ҳазор метр барф), пурзӯри шудани вазиши шамол (аз ҷануб ва шимол то 17-22 м/с) ва 8-13 дараҷа поинравии ҳарорати рӯзона дар водиҳо пешбинӣ мешавад.
«Дар минтақаи ҷануб ва марказӣ фаромадани чангу ғубор ва дар ағбаҳо туман аз эҳтимол дур нест», – огоҳ мекунанд обуҳавошиносон.



