Русия сари бозгашт ба марзи Тоҷикистону Афғонистон андеша дорад

– Русия назорат дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро барқарор карда метавонад, – гуфтааст дар мусоҳиба ба Reuters муовини вазири мудофиаи Русия Юрий Борисов, ки ҳамроҳ бо президенти ин кишвар Владимир Путин ба Остона омадааст. Ба қавли Юрий Борисов, Русия аз тақвияти фаъолияти ҷангиёни исломӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ нигарон буда, баъди даҳ сол метавонад ба посбонии […]

ASIA-Plus



– Русия назорат дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро барқарор карда метавонад, – гуфтааст дар мусоҳиба ба


Reuters


муовини вазири мудофиаи Русия Юрий Борисов, ки ҳамроҳ бо президенти ин кишвар Владимир Путин ба Остона омадааст.

Ба қавли Юрий Борисов, Русия аз тақвияти фаъолияти ҷангиёни исломӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ нигарон буда, баъди даҳ сол метавонад ба посбонии марзи Тоҷикистону Афғонистон баргардад.

Дар посух ба савол дар бораи омода будани Русия ба бозгашт барои посбонии марзи Тоҷикистону Афғонистон, муовини вазири мудофиаи Русия изҳор доштааст: «Аз эҳтимол дур намедонам. Тавре шумо огоҳед, мо дар он ҷо пойгоҳ дорем. Ҳамаашро сарварони давлатҳои мо баррасӣ карда, ҳаллу фасл мекунанд», – иброз доштааст ӯ.

Марзбонони рус сарҳад дар Тоҷикистонро посбонӣ мекарданд, вале соли 2005 тибқи як тавофуқ бо Душанбе, марзҳои Тоҷикистону Афғонистонро тарк карданд.

Дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар аст, ки бузургтарин дар хориҷ аз Русия мебошад. Соли 2013 Душанбе муҳлати ҳузури ин пойгоҳро то соли 2042 дароз кард.

Ҳафтаи гузашта ВАО иттилоъ доданд, ки Маскав ба Тоҷикистон якчанд чархболҳои ҷангӣ интиқол додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.