Воҳиди махсуси ВКД соҳиби бинои нав мешавад

Бо иштироки вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар шафати бинои Вазорат барои сохтмони бинои нави Воҳиди махсуси ВКД оид ба таъмини бехатарӣ ва амният дар самтҳои ҳаракати президент ва меҳмонони олиқадр санги асос гузошта шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, бинои нави замонавӣ аз нуҳ ошёна иборат буда, бо […]

ASIA-Plus



Бо иштироки вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар шафати бинои Вазорат барои сохтмони бинои нави Воҳиди махсуси ВКД оид ба таъмини бехатарӣ ва амният дар самтҳои ҳаракати президент ва меҳмонони олиқадр санги асос гузошта шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, бинои нави замонавӣ аз нуҳ ошёна иборат буда, бо тамоми шароити мусоид, аз қабили қисми навбатдорӣ, утоқҳои корӣ,  ошхона, толори маҷлисгоҳ, толори қабули меҳмонон ва дигар шароитҳои маишӣ таъмин хоҳад буд.

Зимни боздид аз маҳалли сохтмон ва корҳои созандагӣ Рамазон Раҳимзода ба масъулин ҷиҳати босифат ва дар мӯҳлати муайян сохта ба истифода додани бинои нави Воҳиди махсуси ВКД дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Гуфта мешавад, ҳамчунин вазир аз корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар Маҷмааи варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ боздид ба амал оварда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.