Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон дар Остона

Бегоҳии рӯзи 15 октябр бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон дар шаҳри Остона дар доираи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев доир гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбати самимона тарафҳо масоили васеи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон […]

ASIA-Plus



Бегоҳии рӯзи 15 октябр бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон дар шаҳри Остона дар доираи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев доир гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбати самимона тарафҳо масоили васеи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва масъалаҳои сарҳадӣ ва наздисарҳадиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин атрофи масъалаҳои вобаста ба татбиқи созишҳои бадастомадаи сарони ду кишвар ва комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба ва оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ табодули назар сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.