Нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ дар Остона

Имрӯз дар шаҳри Остона нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз мегардад, ки дар кори он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунад. Дар нишаст ба масъалаи таъмини амният дар тамоми қаламрави Иттиҳод ва мубориза бо терроризм таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, ҳамчунин масоили марбут ба ҳамкориҳои иқтисодӣ низ баррасӣ ва имзои як қатор созишномаҳои умумӣ […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар шаҳри Остона нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз мегардад, ки дар кори он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунад.

Дар нишаст ба масъалаи таъмини амният дар тамоми қаламрави Иттиҳод ва мубориза бо терроризм таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, ҳамчунин масоили марбут ба ҳамкориҳои иқтисодӣ низ баррасӣ ва имзои як қатор созишномаҳои умумӣ дар назар аст.

Бино ба иттилои котиботи ИДМ, дар нишаст масъалаи таъини ҷойи нишасти минбаъда ҳаллу фасл шуда, инчунин раиси нави Иттиҳод интихоб мешавад. Айни замон раёсат дар Иттиҳодро Украина ба уҳда дорад.

Дар Остона рӯзи 15 октябр ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ баргузор гардида, дар он лоиҳаи изҳоротҳои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳод оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва 70-солагии таъсисёбии Созмони Миллали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни ҷаласа масъалаҳои ҳамкориҳо дар арсаҳои гуногуни ҳамкориҳои низомӣ дар минтақа, аз ҷумла оид ба татбиқи лоиҳаи Консепсияи ҳамкориҳои низомии давлатҳои аъзои ИДМ то соли 2020 ва  рушду ташаккули муассисаи заминавии таълимии давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи мубориза бар зидди расмикунонии маблағҳои тавассути ҷиноят бадастовардашуда ва маблағгузории терроризм қобили қабул дониста шуд.

Гуфта мешавад, инчунин масъалаҳои соҳаи гуманитарӣ, аз ҷумла лоиҳаи Стратегияи ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ то давраи соли 2020 низ тасдиқ шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.