Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар Қазоқистон ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ доир мегардад, ки дар кори он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунад. Дар ҷаласа баррасии 13 санад, аз ҷумла изҳороти муштараки сарони кишварҳо оид ба мубориза бо терроризми байнулмилалӣ дар назар аст; – Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон оғоз мегарданд. Маросими расмии ифтитоҳи […]

ASIA-Plus



Анонс



– Дар Қазоқистон ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ доир мегардад, ки дар кори он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунад. Дар ҷаласа баррасии 13 санад, аз ҷумла изҳороти муштараки сарони кишварҳо оид ба мубориза бо терроризми байнулмилалӣ дар назар аст;

– Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон оғоз мегарданд. Маросими расмии ифтитоҳи он дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад;

Дар Театри драмавии русии ба номи В.Маяковский ба муносибати 120-умин солгарди зодрӯзи шоири маъруфи рус Сергей Есенин шоми адабиву дарамавӣ барпо мешавад;

– Дар доираи Ҳафтаи Аврупо дар Тоҷикистон соати 15-00 дар Донишкадаи санъат дар мавзӯи «Шарқ дар асарҳои оҳангсозони аврупоӣ» маърӯза хонда мешавад. Соати 16-00 консерти органисти фаронсавӣ бо машғулияти минбаъда гузаронида мешавад.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

6.5600

сомонӣ;


1

евро –

7.4607

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1


090



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих



Рӯзи кинои тоҷик.

Рӯзи умумиҷаҳонии ғизо.


1929

– ҶМШС Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил шуд.


1998

– Шумораи нахустини ҳафтавори «Авитсенна» ба табъ расид.


2004

– Президенти Русия В.Путин бо сафари нахустини расмӣ ба Тоҷикистон омад. Дар ҷараёни ин сафар миёни кишварҳо оид ба сармоягузорӣ ба иқтисоди ҶТ, ифтитоҳи пойгоҳи низомии Русия, ба моликияти Русия супурдани истгоҳи назорати кайҳонии «Окно» дар Норак», муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғайра асноди ҳамкорӣ ба имзо расид.


2008

— Ҳукуумати ҶТ «Дар бораи азнавташкилдиҳии КВДҲ «Тоҷик Эйр» қарор қабул кард.


2008

— Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ифтитоҳи сафоратхонаи Тоҷикистон дар Украина фармон ба имзо расонид.


2012

— Дар Душанбе Фестивали V кинои «Дидор» доир гардид, ки дар он ба сифати меҳмон ва мунақииди кино коргардони тоҷик Давлат Худоназаров аз Маскав ба Душанбе омад. Ба Шоҳҷоизаи фистивали «Дидор» коргардони афғон Атиқ Раҳимӣ соҳиб шуд.


1898-1957

– Зодрӯзи шоир Обидхоҷа Лутфӣ.


1898-1938

– Мавлуди Ходими давлатии Тоҷикистон Чинор Имомов.


1951

– Зодрӯзи Арбоби давлатӣ Ҷамолиддин Мансуров.


1958

– Мавлуди нависанда Саидаҳмади Зардон.


1985

— Зодрӯзи журналист Абдуазими Абдуваҳҳоб.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои дурдаст борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +24+29, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +20+25.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ҷудогона борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +18+23, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +14+19.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +4+9, рӯзона +21+26; дар шарқ шабона -2-7, рӯзона +9+14.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ҷудогона борони кӯтоҳмуддат меборад.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +18+23. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +23+25.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.    

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +25+27.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. 

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +18+20.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +22+24.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.