ИМА ба Тоҷикистон поймолкунии ҳуқуқи озодиҳои мазҳабиро хотиррасон кард

Департаменти давлатии ИМА дар гузориши  рӯзи 14 октябр интишорнамудааш  оид ба озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳон дар соли 2014 изҳор намуд, ки ҳукуматдорони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо баҳонаи мубориза бо ифротгароиву терроризм, бо исломи муътадил низ рақобат мекунанд. Дар робита ба Тоҷикистон қайд мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ҳабси афроди гумонбар ба алоқамандӣ доштан ба гурӯҳҳои […]

ASIA-Plus



Департаменти давлатии ИМА дар


гузориши


 рӯзи 14 октябр интишорнамудааш  оид ба озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳон дар соли 2014 изҳор намуд, ки ҳукуматдорони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо баҳонаи мубориза бо ифротгароиву терроризм, бо исломи муътадил низ рақобат мекунанд.

Дар робита ба Тоҷикистон қайд мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ҳабси афроди гумонбар ба алоқамандӣ доштан ба гурӯҳҳои манъшудаи динӣ идома медиҳад ва дар ҳамин ҳол, оид ба амалҳои зӯроваронаи онҳо дар ҷумҳурӣ айбномаҳои мушаххас вуҷуд надоранд.

Департаменти давлатии ИМА тибқи қонунгузорӣ манъ шудани ба масҷид рафтани шахсони синни то 18-сола ва ба занони тоҷики мусалмони мазҳаби ҳанафӣ манъи ҳузур доштан дар маросимҳои диниро аз маҳдудиятҳо дар ин самт унвон карда, изҳор доштааст, ки ба занони дигар равияҳои мазҳабии муқими Тоҷикистон ин амал иҷоза дода шудааст.

«Ҳукумати Тоҷикистон ба назорати қатъии маводи матбуотӣ дар бораи дин ва чорабиниҳои дорои хусусияти динӣ идома медиҳад», – омадааст дар гузориш.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки аз ҷониби мансабдорони давлатӣ поймолкунии ҳуқуқи чанде аз занону духтарони ҳиҷобпӯш вуҷуд дошта, онҳо дар муассисаҳои давлатӣ имкони кор кардан надоранд ва ҳамчунин ба мактаб ҳам рафта наметавонанд.

Департаменти давлатии ИМА хотиррасон мекунад, ки Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ бақайдгирии «Шоҳидони Яҳво» ва ҳамчунин калисои протестантиро рад мекунад.

Дар гузориш қайд мешавад, ки бо аҳолии 8,1 млн. нафар (июли соли 2014) 90%-и аҳолии Тоҷикистон мусалмонанд. Аксари мусалмонони Тоҷикистон чун дар тамоми Осиёи Марказӣ пайравони мазҳаби ҳанафии равияии суннии ислом мебошанд. 4%-и мусалмонони кишвар намояндагони мазҳаби исмоилия мебошанд, ки аксари онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иқомат доранд.

Дар гузориши Департаменти давлатии ИМА ҳамчунин гуфта мешавад, дар Конститутсияи Тоҷикистон бо шумули интихоби мазҳаб озодии динӣ пешбинӣ шудааст. «Дар қонунгузорӣ дини расмии давлатӣ вуҷуд надорад, аммо дар ҳамин ҳол, ҳукумат «мақоми махусус»-и мазҳаби ҳанафиро эътироф мекунад», – баён мегардад дар гузориш.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.