Пурзӯр кардани ҳифзи амонатҳои бонкии шаҳрвандони Тоҷикистон

Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон ворид намудани тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи суғуртаи амонатҳои шахсони воқеӣ» дастгирӣ ёфт. Зимни суханронӣ доир ба ин масъала раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода қайд кард, ки тағийроту иловаҳо ба болоравии эътимоди мардум ба бахши бонкиии кишвар нигаронида шудаанд. Ӯ таъкид дошт, ки […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон ворид намудани тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи суғуртаи амонатҳои шахсони воқеӣ» дастгирӣ ёфт.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода қайд кард, ки тағийроту иловаҳо ба болоравии эътимоди мардум ба бахши бонкиии кишвар нигаронида шудаанд.

Ӯ таъкид дошт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми амонатҳои шахсони воқеӣ дар бонкҳои Тоҷикистон 24% афзудааст.

Мутобиқи тағйироту иловаҳои имрӯз қабулшуда, амонатҳои аҳолии кишвар дар бонкҳо минбаъд мавриди суғуртаи ҳатмӣ қарор мегиранд.

Ғайр аз ин, меъёри амонатҳои суғуртавӣ дар бонкҳои ҷумҳурӣ аз 0,5% то ба 0,25% поин бурда мешавад.

Дар сурати муфлисшавӣ, минбаъд бонкҳо уҳдадор мешаванд, ки ба амонатгузорони худ на камтар аз маблағи 14 ҳазор сомониро баргардонанд. Ин рақам қаблан 7 ҳазор сомониро ташкил медод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.