– Русия назорат дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро барқарор карда метавонад, – гуфтааст дар мусоҳиба ба
Reuters
муовини вазири мудофиаи Русия Юрий Борисов, ки ҳамроҳ бо президенти ин кишвар Владимир Путин ба Остона омадааст.
Ба қавли Юрий Борисов, Русия аз тақвияти фаъолияти ҷангиёни исломӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ нигарон буда, баъди даҳ сол метавонад ба посбонии марзи Тоҷикистону Афғонистон баргардад.
Дар посух ба савол дар бораи омода будани Русия ба бозгашт барои посбонии марзи Тоҷикистону Афғонистон, муовини вазири мудофиаи Русия изҳор доштааст: «Аз эҳтимол дур намедонам. Тавре шумо огоҳед, мо дар он ҷо пойгоҳ дорем. Ҳамаашро сарварони давлатҳои мо баррасӣ карда, ҳаллу фасл мекунанд», – иброз доштааст ӯ.
Марзбонони рус сарҳад дар Тоҷикистонро посбонӣ мекарданд, вале соли 2005 тибқи як тавофуқ бо Душанбе, марзҳои Тоҷикистону Афғонистонро тарк карданд.
Дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар аст, ки бузургтарин дар хориҷ аз Русия мебошад. Соли 2013 Душанбе муҳлати ҳузури ин пойгоҳро то соли 2042 дароз кард.
Ҳафтаи гузашта ВАО иттилоъ доданд, ки Маскав ба Тоҷикистон якчанд чархболҳои ҷангӣ интиқол додааст.



