Кормандони милитсия марди 57-солаи сокини ноҳияи Қубодиёнро бо гумони куштори духтараш дастгир намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, муаяйн шудааст, ки гумонбаршуда рӯзи 18 октябр, соати 05:50-дақиқа дар хонаи истиқоматиашон, аз сабаби муноқишаи бамиёномада, бо корд 6 маротиба ба аъзои бадани духтари 34-солааш зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст.
Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот давом дорад.



