Ҳалокати ду сокини Панҷакент аз таркиши минаҳои Ӯзбекистон

Ду сокини шаҳри Панҷакент рӯзи 16 октябр дар ағбаи Ҷумон, каме дуртар аз марзи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон аз таркиши минаҳои зидди пиёдагард, ки аз ҷониби Ӯзбекистон барои пешгирии убури ғайриқонунии марз гузошта шудаанд, ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи котиби матбуотии Сарраёсати нерӯҳои марзбони Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев, шаҳрвандони Тоҷикистон ғайриқонунӣ ба қаламрави […]

Аваз Юлдошев



Ду сокини шаҳри Панҷакент рӯзи 16 октябр дар ағбаи Ҷумон, каме дуртар аз марзи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон аз таркиши минаҳои зидди пиёдагард, ки аз ҷониби Ӯзбекистон барои пешгирии убури ғайриқонунии марз гузошта шудаанд, ба ҳалокат расиданд.

Ба гуфтаи котиби матбуотии Сарраёсати нерӯҳои марзбони Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев, шаҳрвандони Тоҷикистон ғайриқонунӣ ба қаламрави кишвари ҳамсоя ворид шудаанд.

«То ҳол обуҳавои номусоид ва шароити мушкили маҳал имкон намедиҳад, ки ҷасадҳо аз ҷойи ҳодиса бароварда шуда, шахсияти онҳо муайян гардад», – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ маълумоти чанде аз ВАО дар бораи бар асари тирпаронии марзбонони ӯзбек ҳалок шудани ду шаҳрванди Тоҷикистон ва боз захмӣ шудани се нафари дигару ба бемористон мунтақил шудани онҳоро қотеъона рад кард. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.