Павел Астахов санҷиши далели марги тифли тоҷик дар Петербургро талаб кард



Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакони назди президенти Русия Павел Астахов тафтиши далели марги тифли тоҷик дар Петербургро талаб кард.

Нашрияи «Петербургский дневник»

менависад

, аз рӯи далели марги тифли панҷмоҳа аз Тоҷикистон дар муассисаи тиббии ин шаҳр санҷиш гузаронида мешавад. Павел Астахов бо чунин дархост ба Прокуратураи генералӣ ва ВКД Русия муроҷиат карда, тафтиши дақиқи амалҳои кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират ва мақомоти пулиси Санкт-Петербургро дархост кардааст.

«Пас аз ба оилае аз Тоҷикистон пешниҳод шудани риоя накардани қонунгузорӣ дар бахши муоҷират, тифли панҷмоҳаи онҳо, ки аз ҷониби мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербург гирифта шуда буд, ногаҳон фавтид», – гуфта мешавад дар иттилои Астхов дар саҳифаи ӯ дар

Instagram

.

Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Точикистон

дар ин робита иттилоъ дода буд

, ки таҳқиқи ҳолатҳои марги фоҷиавии шаҳрванди панҷмоҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаралӣ Назаров таҳти назорати ҷиддии роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Сафорати кишвар дар Федератсияи Россия қарор дорад.

Бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав, рӯзи 13 октябр кормандони раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати ноҳияи Адмиралтейскии Петербург барои нақзи қонунгузории муҳоҷират ду шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт намуда, ҳамроҳи тифлашон онҳоро ба шуъбаи пулис мебаранд ва кӯдакро аз онҳо мегиранд.

Пас аз содир шудани қарори истирдоди онҳо, модараш ба шуъба барои писараш меояд, вале ба ӯ хабар намедиҳанд, ки тифлаш дар куҷост. Субҳи рӯзи 14 октябр маълум мешавад, ки тифли панҷмоҳа фавтидааст. 

spot_imgspot_img

Популярное