Павел Астахов санҷиши далели марги тифли тоҷик дар Петербургро талаб кард

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакони назди президенти Русия Павел Астахов тафтиши далели марги тифли тоҷик дар Петербургро талаб кард. Нашрияи «Петербургский дневник» менависад , аз рӯи далели марги тифли панҷмоҳа аз Тоҷикистон дар муассисаи тиббии ин шаҳр санҷиш гузаронида мешавад. Павел Астахов бо чунин дархост ба Прокуратураи генералӣ ва ВКД Русия муроҷиат карда, тафтиши дақиқи […]

ASIA-Plus



Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакони назди президенти Русия Павел Астахов тафтиши далели марги тифли тоҷик дар Петербургро талаб кард.

Нашрияи «Петербургский дневник»

менависад

, аз рӯи далели марги тифли панҷмоҳа аз Тоҷикистон дар муассисаи тиббии ин шаҳр санҷиш гузаронида мешавад. Павел Астахов бо чунин дархост ба Прокуратураи генералӣ ва ВКД Русия муроҷиат карда, тафтиши дақиқи амалҳои кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират ва мақомоти пулиси Санкт-Петербургро дархост кардааст.

«Пас аз ба оилае аз Тоҷикистон пешниҳод шудани риоя накардани қонунгузорӣ дар бахши муоҷират, тифли панҷмоҳаи онҳо, ки аз ҷониби мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербург гирифта шуда буд, ногаҳон фавтид», – гуфта мешавад дар иттилои Астхов дар саҳифаи ӯ дар

Instagram

.

Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Точикистон

дар ин робита иттилоъ дода буд

, ки таҳқиқи ҳолатҳои марги фоҷиавии шаҳрванди панҷмоҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаралӣ Назаров таҳти назорати ҷиддии роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Сафорати кишвар дар Федератсияи Россия қарор дорад.

Бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав, рӯзи 13 октябр кормандони раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати ноҳияи Адмиралтейскии Петербург барои нақзи қонунгузории муҳоҷират ду шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт намуда, ҳамроҳи тифлашон онҳоро ба шуъбаи пулис мебаранд ва кӯдакро аз онҳо мегиранд.

Пас аз содир шудани қарори истирдоди онҳо, модараш ба шуъба барои писараш меояд, вале ба ӯ хабар намедиҳанд, ки тифлаш дар куҷост. Субҳи рӯзи 14 октябр маълум мешавад, ки тифли панҷмоҳа фавтидааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.