Ҳукми 16 соли зиндон ба сокини Суғд барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар Сурия

Барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар Сурия дар сафи гурӯҳи Давлатӣ исломӣ як сокини вилояти Суғд ба 16 соли зиндони низомаш шадид махкум шуд. Ин нахустин парванда оид ба иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар давлатҳои хориҷӣ мебошад, ки дар суди вилоят баррасӣ шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди вилоят хабар дод, сокини 29-солаи […]

Мавлуда Рофиева



Барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар Сурия дар сафи гурӯҳи Давлатӣ исломӣ як сокини вилояти Суғд ба 16 соли зиндони низомаш шадид махкум шуд. Ин нахустин парванда оид ба иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар давлатҳои хориҷӣ мебошад, ки дар суди вилоят баррасӣ шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди вилоят хабар дод, сокини 29-солаи шаҳраки Нови ноҳияи Спитамен А.У. дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 187, қ. 2 ва 401-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор дониста шудааст.

Ба иттилои манбаъ, маҳкумшуда соли 2013 ба Сурия рафта, ихтиёрӣ ба сафҳои гурӯҳи террористии «Ҷабҳат ан-Нусра» пайвастааст. Ӯ муддати 15 рӯз дар урдӯгоҳҳои ҷангӣ таълим гирифта, сипас ба Маскав меояд ва дар ин ҷо аз аъзои ин гурӯҳ аъзоҳаққӣ ҷамъоварӣи намуда, барои онҳо ҳуҷҷат омода мекардааст.

Моҳи январи соли 2015 ҳангоми назди ҳамсараш ба Украина рафтан зимни убури марзи Украина боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.