Тӯли 9 моҳ ба буҷет ҳудуди 60 млн. $ камтар маблағ ворид шуд

Тӯли 9 моҳи соли равон ба буҷети давлатии Тоҷикистон ҳудуди 393 млн. сомонӣ (наздики 60 млн. доллари ИМА бо қурби ҳозира) камтар маблағ ворид шуд. Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ каме бештар аз 10 млрд. 836,6 млн. сомонӣ ё худ 96,5% аз нақшаи тасҳеҳшударо […]

ASIA-Plus



Тӯли 9 моҳи соли равон ба буҷети давлатии Тоҷикистон ҳудуди 393 млн. сомонӣ (наздики 60 млн. доллари ИМА бо қурби ҳозира) камтар маблағ ворид шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ каме бештар аз 10 млрд. 836,6 млн. сомонӣ ё худ 96,5% аз нақшаи тасҳеҳшударо ташкил додааст.

Дар ин давра ба буҷети давлатӣ тибқи нақша бояд ҳудуди 11 млрд. 230 млн. сомонӣ маблағ ворид мегардид.

Тибқи маълумоти котиботи Вазорати молия, ахири ҳафтаи гузашта ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат доир гардида, дар ҷараёни он натиҷаҳои иҷрои буҷети давлатӣ дар зарфи 9 моҳ ва вазифаҳои минбаъда баҳри иҷрои он дар соли ҷорӣ баррасӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласаи ҳайати мушовара ҳисоботи роҳбарони Раёсатҳои молияи вилоятҳо, шаҳру навоҳӣ ва дигар ташкилотҳои зертобеъи вазорат дар 9 моҳи соли ҷорӣ ва вазифаҳо дар семоҳаи чорум шунида шуданд.

Зикр мегардад, ки бо натиҷагирӣ аз кори ҷаласаи ҳайати мушовара вазири молияи ҶТ Абдусалом Қурбониён ба кормандони масъули низоми молияи кишвар дар мавриди иҷрои саривақтии нақшаи иҷрои буҷети давлатӣ дар семоҳаи чоруми соли равон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.